Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири нооромиҳо ба маъракаи даъват ба артиш


Рухдоди ҳодисаҳои ахир дар водии Рашт, ки сабаби марги 28 сарбоз ва захми шудани даҳҳо тани дигар шуд, дар шабу рӯзи даъвати имсолаи тирамоҳӣ ба артиш аксар волидону ҷавононро нигарон кардааст.

Диловаршои Султон, як ҷавони суғдӣ, мегӯяд, то имрӯз мардум бо нигаронӣ аз адами шароити мусоид дар қисмҳои низомии кишвар, вуҷуди мушкилоти марбут ба равобити ғайрионномавӣ ва зӯргӯӣ аз рафтан ба хизмати сарбозӣ худдорӣ мекарданд. Ва ҳоло қурбонии сарбозони ҷавон дар паи ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳе дар Рашт акнун онҳоро ҳаросон кардааст.

Вай мегӯяд: «Аксар ҷавонон нақл мекунанд, ки дар хизмат азоб ва аз норасоии хӯрок танқисӣ кашидаанд. Вақте, ки чунин камбудиҳо дар сафи қисмҳои низомӣ ошкор мешавад, аксар ҷавонон намехоҳанд ба хизмат раванд. Ҳозир ҷавонон метарсанд, ки ҷанг мешавад».

Ҳасан Исмоилов, дигар аз ҳамсӯҳбатони мо, мегӯяд, масъала бештар дар он аст, ки ҷавононро ҳанӯз аз овони мактабхонӣ бояд дарси низомӣ дода, онҳоро ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳиву маънавӣ ба омода кард.

Вай мегӯяд, аз рӯйдодҳои ахир чунин хулоса кардааст, ки шояд бетаҷрибагии сарбозон боис шудааст, ки шумори зиёди наваскарон ҷони худро аз даст додаанд:

«Ҷавонони зиёде аз синни хурдсолӣ орзӯ доранд, ки баъди хатми мактабу донишгоҳ ба хизмат раванд. Аммо мутаассифона ҳодисаҳои ахир дар минтақаи шарқи кишвар ба рӯҳияи аксари ин ҷавонон таъсири манфӣ мегузорад. Хабари марги чанд сарбози суғдӣ ҷавононро бештар нигарон кардааст».

Комиссариати ҳарбӣ: «Нооромиҳо таъсире нахоҳад дошт»

Аммо масъулини комиссариати ҳарбии Суғд мегӯянд, ҳодисаҳои ахир дар минтақаи Рашт наметавонад таъсире ба раванди даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи кисмҳои низомии кишвар расонад. Носир Тошматов, як масъули комиссариати ҳарбии Суғд, дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, солҳои охир таваҷҷӯҳи ҷавонон барои хизмати сарбозӣ дар кишвар бештар шудааст:

«Дар ҳама шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳии даъватшавандагон рафта истодааст. Ҳоло даъватномаҳо тақсим карда шудааст ва ҷавонон ба комиссариатҳои шаҳру ноҳияҳо ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои лозимаашонро пешниҳод карда истодаанд».

Ҳароси волидон аз хизмати фарзандон

Ҳалима Саидова, як сокини шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, ҳоло аксари модарон аз хизмати сарбозии фарзандонашон ҳарос доранд:
«Даври пеш тинҷиву оромӣ буд, ҳама бо хоҳиши худ фарзандонро ба хизмат мефиристоданд. Ҳоло ҳама аз хизмати писарҳояшон метарсанд».

Аммо бо вуҷуди ин ҷавононе ҳастанд, ки хизмати сарбозиро қарзи шаҳрвандии худ дониста, изҳор мекунанд, ки барои хизмат омодаанд. Шавкат Раҳимов, як ҷавони сокини Хуҷанд, мегӯяд, маҳз дар лаҳзаҳои хатарзо ба амнияти кишвар мехоҳад қарзи шаҳрвандии худро адо карда, дар ҷилавгирӣ аз хушунатҳову ҳама гуна нооромиҳо саҳмгузор бошад. Шавкат ҳоло донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст ва тасмим дорад, баъди хатми донишгоҳ ба хизмати сарбозӣ равад.
XS
SM
MD
LG