Вазирони умури дохилии кишварҳои ҳамсояи Ироқ аз аҳзоби сиёсии ин кишвар даъват карданд, ҳарчӣ зудтар ҳукумати навро таъсис диҳанд. Намояндагони Эрон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Сурия, Миср, Урдун, Кувайт ва Баҳрайн дар изҳороти муштараке гуфтаанд, ташкили зудтари ҳукумат ба як зарурати миллӣ, минтақаӣ ва байнулмилалии Ироқ табдил ёфтааст. Дар ҳоле ки аз интихобот порлумонии Ироқ ним сол мегузарад, гуфтушуниди аҳзобу эътилофҳои сиёсӣ дар ташкили ҳукумат ба натиҷа нарасидааст.