Имрӯз дар додгоҳи Маскав баррасии парвандаи чаҳор мард шурӯъ шуд, ки дар куштори хориҷиҳо айбдор мешаванд. Бахши русии радиои Озодӣ бар пояи иттилои додситонии кулл мегӯяд, ки ин афрод дар куштори чаҳор нафар, 11 кӯшиши куштор ва ду мавриди ғоратгарӣ дар солҳои 2008 ва 2009 айбдор мешаванд. Ин гурӯҳ ҳамчунин барои оташзании киоскҳои марбут ба афроди ғайрирус дар соли 2008 муттаҳам мешаванд. Нафарони кушташуда шаҳрвандони Ӯзбакистон, Қазоқистон, Камерун ва Виетнам мебошанд.