Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Бан Кӣ Мун аз раҳбарони ҷаҳон


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар ифтитоҳи нишасти серӯзаи сарони кишварҳои ҷаҳон бахшида ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди ҳазорсола аз кишварҳои кӯмакрасон даъват кард, ёриҳои худ ба фақиронро ба далели пасрафти иқтисодӣ қатъ накунанд. Сарвазири Испания Хосе Запатеро хостори пайдо кардани роҳҳои нави таъмини молии барномаҳои мубориза бо фақру гуруснагӣ ва тағйири иқлим шуд. Ӯву раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ барои таъмини мубориза бо фақр эъмоли молиёт ба амалиётҳои бонкиро пешниҳод кардаанд. Бонки ҷаҳонӣ эълон кард, ки тайи 5 соли оянда ба масоили маориф 750 миллион доллар ихтисос медиҳад.
таҳвили пулбарои мубориза бо фақр оғоз ёфт. Беш аз 140 раҳбари ҷаҳон дар ин нишаст роҳҳои расидан ба иҷрои ин барномаро баҳс мекунанд. Ин барнома соли 2000 тасвиб шуда, тайи 15 сол коҳиши мизони фақру маргумири атфол, беҳбуди маориф ва манъи густариши бемории AIDS-ро ба ҳадаф дорад. Мақомоти СММ аммо мегӯянд, бо онки то анҷоми ин барнома 5 соли дигар мондааст, иҷрои хеле аз ҳадафҳояш мушкил ва ҳатто ғайримумкин ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG