Гурӯҳи вижаи Додситонии кулли Тоҷикистон ба таҳқиқи вазъи нигаҳбонӣ ва амниятии зиндонҳои вилояти Хатлон пардохтааст. Ҳабибулло Азимов, узви ин гурӯҳ ва корманди масъули додситонии нозири иҷроиши қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Хатлон ба радиои Озодӣ гуфт, қариб дар ҳамаи муассисаҳо одитарин талаботи амниятӣ муроот нашудааст: Узви Гурӯҳи вижаи Додситонии кулли Тоҷикистон, афзуд, аз ин ба баъд тафтиши вазъи муассисаҳои ислоҳӣ моҳе се мартаба сурат хоҳад гирифт. Азимов гуфт, ин тадбирҳо ба манзури ҷилавгирӣ аз эҳтимоли фирори маҳбусон ва таҳкими назорати зиндонҳо гирифта шудааст. 23-юми август аз боздоштгоҳи Кумиати амнияти миллӣ дар Душанбе 25 маҳбус фирор кард, ки ҷустуҷӯи аксарияти онҳо то ҳоло идом дорад.