Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори журналисти саршиноси телевизиони Ироқ


Журналисти саршиноси телевизиони давлатии "Ал-Ироқия"-и Ироқ, Риёз ал-Сарай ҳангоми ҳаракат дар мошин дар Бағдод, пойтахти ин кишвар, ҳадафи тир қарор гирифта, кушта шудааст. Созмони хабарнигорони бидуни марз қатли ӯро маҳкум кард ва аз мақомоти Ироқ таҳқиқи фаврии воқеаро талаб намуд. Ин созмон мегӯяд, аз соли 2003, замони шурӯи низоъ дар Ироқ 230 журналисти ин кишвар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG