Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди обхезӣ ба вилояти Синди Покистон


Садҳо ҳазор сокинони вилояти Синд, воқеъ дар ҷануби Покистон, баъд аз боло рафтани сатҳи об дар рӯдхона манзилҳои зисташонро тарк намуданд. Ин хабарро Салим Раҳмат, сухангӯи Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Исломобод тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки "бар пояи арзёбиҳо, беш аз 80 дар сади одамон аз Синд фирор кардаанд. Ҳамин тариқ шумо метавонед ҷиддӣ будани вазъро бубинед. Агар шумо ба хиёбонҳои Суккур назар афканед, мебинед, ки одамон зери осмон, дар канори роҳу зери купрукҳо мехобанд. Ин одамон бояд воқеъан аз ҳимоят бархурдор бошанд".
Ёдовар мешавем, ки бар асари обхезиҳои моҳи гузашта дар панҷяки қалаврави Покистон тақрибан 1600 нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Покистон мегӯянд, ки аз ин офати табиӣ беш аз 20 миллион сокинони кишвар осеб дидаанд.
XS
SM
MD
LG