Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти донишманди маъруф Борис Литвинский


Ховаршиноси маъруфи рус Борис Литвинский рӯзи 20 август дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Борис Литвинский соли 1923 дар Тошканд ба дунё омада, бахши бостоншиносии Донишгоҳи Осиёи Марказиро хатм кардааст. Ӯ умри худро сарфи таҳқиқи таърихи Осиёи Марказӣ карда, аз ҷумла дар Тоҷикистону Афғонистон чандин ковиши муҳими бостоншиносӣ анҷом додааст.
Донишманди рус Тигран Мкртичев гуфтааст, бо даргузашти Борис Литвинский як даврони тамом дар улуми ховаршиносӣ ва бостоншиносии Русия ба поён мерасад. Ӯ чандин сол дар Душанбе кору зиндагӣ карда, дар пешрафти улуми таъриху бостоншиносии Тоҷикистон низ саҳми бузург гузоштааст. Литвинский аз соли 1951 тайи 20 сол дар бахши бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон кор мекард ва раҳбари экспедитсияи археологии Тоҷикистони ҷанубӣ буд. Ҳафриёти маъбади буддоии Аҷинатеппа ва кашфи ҳайкали 13-метрии Буддо аз ин маъбад маҳсули кори ӯ дар Тоҷикистон аст.
Ӯ академики Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG