24-ӯми август дар Қазоқистон машқҳои низомӣ зери номи "Уқоби даштӣ" баргузор мешавад. Дар он ширкати бештар аз 1000 нафар низомиёни Қазоқистон ва намояндагони кишварҳое аз қабили Амрикову Британия дар назар гирифта шудааст. Дар ин машқҳо нозирон аз Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард. Омодагӣ ба ин машқҳо моҳи апрели соли равон шуруъ шуда буд. Дар машқҳо ширкаткунандагон роҳҳои ифшо ва хунсо сохтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва чидани минҳоро машқ мекунанд. Дар ин бора хабаргузории Today.kz иттилоъ додааст.