Ва ман ҳам тасодуфан дар наздикии шаҳраки Навобод ҳамин «Жигулӣ»-ро дидам, ки ду се нафар болои он дарзаҳои алафро бор мекарданд ва сӯҳбати мо низ бо соҳиби ин мошин дар ҳамин сари кор сурат гирифт.
Додарҷони Бегиҷон, қаҳрамони гузориши мо мегӯяд дар солҳои 1993- 94 аз он, ки воситаҳои наклиётӣ дар ноҳияи Рашт хеле кам монда буд, ба сараш фикре омад, ки то таҷҳизоти «Жигулӣ»-яшро бо дили худаш аз дигар бисозад. Вай гуфт, аз мошине, ки дар 30 соли пеш хирида буд танҳо ҳамин сураташ мондааст, дигар ҳама қисматҳои дохилии онро дигар кардааст.
«Ҳама технологиашро дигар кардам, 30 сол шуд онро саворӣ мекунам,то ба имрӯз як миллиону 25 ҳазор километр гаштааст».
Аммо қаҳрамони мо Додарчон мегӯяд, дигар кардан ё тақвият бахшидани қисмҳои мошин чандон кори осон набуд. Вай гуфт, ин ҷо ҳама ҳисобу китоби математикӣ ба назар гирифта шуда, ин дигарсозӣ қариб шаш моҳ идома кардааст.
«Бе ягон худтаърифӣ, назири чунин мошин ҷойи дигаре мошин надидам. Ҳама ин ҷо аз рӯи ҳисобҳои дақиқи математикӣ сохта шудааст ва то ба имрӯз бо ин қадар коре, ки ин ин мошин мекунад таъмири ҷиддиеро надидааст».
Ва имрӯз, ки дар бозори мошини навъи "Жигули" харидори каме дорад ва сол аз сол қимати худро аз даст медиҳад, Додарҷон мегӯяд то ба ҳол даҳҳо нафар майли харидорӣ ва ё дар ивази мошини ӯ мошинҳои "Нива", "Ҷип" ва "Мерседес"-и худро пешниҳод кардаанд.
Ин каҳрамони ихтирокори мо гуфт, ҳатто як шаҳрванди Гуҷистон ба кори ӯ офарин гуфтааст.
Аз он, ки ин мошин масрафоти ками сузишворӣ доштааст, аксари мардум барои бурдани бори худ аз мошини ӯ истифода мекардаанд.
Орзубек, як сокини Рашт дар ин бора гуфт, дар бештари вақт мардум ба хотири пардохти маблағи камтаре мошини Додарҷонро интихоб мекардаанд.
Ин қаҳрамони мо, ки 50 сол дорад гуфт ба ғайр аз мактаби миёна ҷое нахондааст ва манбаи таъминоти хонаводаи 9 нафараи ӯ асосан ҳамин мошинаш будааст.