Владимир Путин-нахуствазири Русия нақшаи ҷамъоварии ҳосили ғаллаи соли ҷориро нисбат ба он чӣ пешбинӣ шуда буд, 10 миллион тон камтар эълон кард, ки он акнун 60-65 миллион тонро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Русия бо хушксолӣ мубориза мекунад. Русия, ки соли гузашта севвумин кишвари бузурги содиркунандаи ғалла буд, имсол 10 миллион ҳектор кишти ғаллаи худро дар натиҷаи хушксолӣ талаф додааст. Соли ҷорӣ дар Русия ҳосили картошка ва лаблабӯи қанд низ 30-35 дарсад поин рафтааст. Ҳафтаи гузашта Путин эълон кард, ки Русия аз 15-ӯми август то поёни соли ҷорӣ содироти ғалладонаро ба хориҷ бозмедорад.