Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав дар панҷаи абри ғафси дуд боқӣ мемонад


Мақомоти беҳдоштии Русия мегӯянд, дуди бархоста аз сӯхтори ҷангалистонҳо дар пойтахт, шаҳри Маскав назар ба меъёри қобили қабули беҳдоштӣ 6 маротиба бештар шудааст.
Аммо ҳавошиносон мегӯянд, дамои дар чандин даҳсолаи охир барои Русия бесобиқа шояд боз дастикам чанд рӯзи дигар идома пайдо кунад ва танҳо баъдан каме сабуктар хоҳад шуд.
Дуди ғафс фазои Маскавро печонида, мардумашро маҷбур кардааст, ба рӯи ниқобҳои тиббӣ бикашанд. Бино ба хабарҳо, бархе парвозҳо ба фурудгоҳҳои Маскав қатъ шуда, чандин ҳавопаймо ҳатто аз остонаи пойтахти Русия пас гаштаанд.
Вазорати изтирории Русия дар бораи наздики 600 сӯхтор дар саросари кишвар ва ағлаб дар вилоёти ғарбии он гузориш додааст.
XS
SM
MD
LG