Мақомоти Русия мегӯянд, шумори қурбониёни оташсӯзиҳо, ки чанд ҳафта боз ҷангалзорҳо ва рустоҳои зиёдеро дар ғарби ин кишвар фаро гирифтааст, ба 48 нафар расид. Вазорати изтирории Русия, ки то кунун иддао дошт, ки сӯхторҳоро хунсо хоҳад кард, акнун иқрор кардааст, ки бархе аз ин сӯхторҳо аз таҳти назорат хориҷ шудаанд. Ҳар рӯз дар Русия садҳо сӯхтори ҷадид сабт мешавад ва ин дар ҳолест, ки ин кишвар ба як гармои дар 130 соли таърихи сабти ҳарорати обуҳаво барояш бесобиқа рӯбарӯ шудааст. Дар 7 вилояти ғарби Русия вазъи изтирорӣ ҷорӣ шуда, ба хотири фурӯ нишондани оташсӯзиҳо ҳудуди 10 000 сӯхторнишон басиҷ шудаанд.