Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори хабарнигори зиндонӣ ба мақомоти Эрон


Хабарнигори зиндонии эронӣ Исо Саҳархез алайҳи раҳбари рӯҳонӣ, раисиҷумҳур ва додситони кулли Эрон шикоят навишта, дар номаи саркушодааш ҳушдор додааст, ки дар ғайри сурати расидагии раҳбари қувваи қазоия оятуллоҳ Содиқи Лориҷонӣ ба ин шикоят аз додгоҳҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои дигар дод хоҳад хост. Исои Саҳархез ба қувваи қазоия барои расидагӣ ба шикояташ як моҳ фурсат додааст.
Ӯ аз ҷумлаи хабарнигоронест, ки дар пайи ошӯбҳои пасоинтихоботии соли гузашта дар Эрон зиндонӣ шуданд. Ӯ қабл аз боздошташ дар як номаи шадидулаҳн аз раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ башиддат интиқод карда буд.
Бо гузашти тақрибан як сол аз боздошти ӯ то ҳол ҳукми Саҳархез эълон нашудааст. Хабарнигор рӯзи 18 июл дар пайи мурофиаи парвандааш эълон кард, ки алайҳи оятуллоҳ Хоманаӣ, раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ва додситони кулл Ғуломҳусейн Мӯҳсинии Эҷеӣ шикоят мебарад.
Фарзанди ӯ Маҳдии Саҳархез, ки дар Амрико ба сар мебарад, ба Радиои Фардо гуфт, ки падараш дар зиндон бо шиканҷаву бархӯрди “ғайриинсонӣ” рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG