Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар робита ба таркиш дар масҷид шикоят хоҳад кард


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, мегӯяд, кишвараш аз ҳамлаи як гурӯҳи ошӯбгар бо пуштибонии Амрико ба масҷид, ки наздик ба 30 нафарро кушта, ба созмонҳои байнулмилал шикоят хоҳад бурд. Вай нагуфт, ки шикоят мустақиман бар зидди Амрико нигаронида хоҳад шуд, аммо дар паёми телевизионияш зикр кард, ки Иёлоти Муттаҳида аз ин ҳамла ҳимоят кардааст. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи тундрави суннии Ҷундуллоҳ бар дӯш гирифт ва онро посух ба эъдоми сарвари ин гурӯҳ аз тарафи мақомоти Эрон номид. Обама ва дигар сарони Амрико ин ҳамларо маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG