Пас аз се моҳи талошҳо ширкати нафти "Бритиш Петролиум" ё БП мегӯяд, тавонистааст, берунрезии нафтро аз лӯлаи истихроҷ дар Халиҷи Мексик муваққатан қатъ кунад. Пӯшондани рахна бо кулоҳак ду рӯзи дигар таҷриба хоҳад шуд, то дида шавад, ки ин роҳ дуруст аст. Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, аз ин таҳаввул истиқбол кард ва онро нишонаи нек номид. Вай ҳамзамон ҳушдор дод, ки БП ҳанӯз дар марҳилаи озмоиш қарор дорад. Таровиши нафт дар Халиҷи Мексик бузургтарин фалокати зистмуҳитии Амрико унвон шуда, нархи он барои БП 3,5 миллиард доллар шумурда мешавад. Поккории пайомадҳои он солҳо идома хоҳад ёфт.