Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон беш аз $25 миллион медиҳад


Бонки Ҷаҳонӣ барои коҳиши сатҳи фақр дар Тоҷикистон 25,4 миллион доллар дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад. Дар ин бора Моту Конишӣ-намояндаи бонки мазкур дар Осиёи Марказӣ ва Сафаралӣ Наҷиддинов-вазири молияи Тоҷикистон санаде имзо карданд. Дар гузашта низ Тоҷикистон се бор, яъне дар соли 2006 10 миллион, дар соли 2007 12 миллион ва дар соли 2009 20 миллион доллар дарёфт карда буд. Қарор аст Тоҷикистон ду дафъаи дигар барои коҳиши сатҳи фақр дар Тоҷикистон сармоя дарёфт кунад. Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, дар ин бора музокирот бо Бонки Ҷаҳонӣ идома дорад. Моту Конишӣ хотирнишон сохт, ки чунин қарзҳо наметавонанд рушди иқтисоди кишварро таъмин кунанд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд орад, балки танҳо барои рушд замина фароҳам меорад.
XS
SM
MD
LG