Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи як муттаҳам ба ҷосусӣ ба нафъи Русия


Додситонҳои Амрико мегӯянд, як муттаҳам ба ҷосусӣ ба нафъи Русия, иқрор кардааст, ки дар воқеъ ҷосуси Русия будааст. Судури ҳукм дар мавриди раҳоии ин фард дар ивази васиқа, ки таҳти исми бардурӯғи Хуан Лазаро, фаъолият мекардааст, ба таъхир андохтанд. Ҳамсари ин фард, Викӣ Пелаез шаҳрванди Амрикоро бар ивази васиқаи 250 ҳазор долларӣ аз боздоштгоҳ раҳо кардаанд, зеро зоҳиран ӯ ҷосуси касбӣ набудааст. Викӣ Пелаеэз дар ҳабси хонагӣ хоҳад буд. Ҷон Родригес, вакили дифоъи Викӣ Пелаез мегӯяд:"Мо аз додрас сипосгузорем, ки тамоми далелҳои тарафҳоро ба инобат гирифта ва баъди баррасии тӯлонӣ ба толор баргашт ва ба мизоҷи ман иҷоза дод ба хонааш биравад." Ин ҷуфт аз миёни 11 нафари боздоштшудае ҳастанд,ба ҷосусӣ ба нафъи Русия дар Амрико муттаҳам шудаанд. Муфаттишон мегӯянд, ки онҳо худро афроди оддӣ вонамуд карда ва мехостанд, ба ҳалқаҳои сиёсатгузорони Амрико роҳ ёбанд. Тақозои ду нафари дигар Ричард ва Синтия Мерфӣ барои раҳоӣ дар ивази васиқа рад шудааст.
XS
SM
MD
LG