Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ бахши нави имдоди молӣ ба ҳукумати Тоҷикистонро барои коҳиши таъсири бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон ва идомаи ислоҳоти миёндавраӣ ба тасвиб расонд. Ин ёрӣ аз 24 миллиону 400 ҳазор доллар иборат аст. Мудири минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ, Мату Конишӣ гуфт, ин як ҳимоят аз буҷаи давлатии Тоҷикистон аст, то ҳукумат битавонад, бо истифода аз он ба заъфи хадамоти беҳдоштӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ роҳ надиҳад. Дар ҷамъ ёрии нави Бонки Ҷаҳонӣ қарор аст, ба идомаи барномаи коҳиши фақр дар Тоҷикистон муосидат кунад. Тоҷикистон аз соли 1993 узви Бонки Ҷаҳонист ва дар ин муддат ба сурати умум аз ин ниҳоди байнулмилалӣ 529 миллион доллар қарзу кӯмак гирифтааст.