Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мушакии НАТО ба мавзеъҳои Толибон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари ҳамлаи мушакии нерӯҳои НАТО дар шарқи Афғонистон, дасти кам панҷ ғайринизомӣ кушта шудаанд. Хабаргузории "Франс Пресс" навиштааст, дар натиҷаи ҳамла аз ҷумла ду духтари ҳашт ва ҳафтсола кушта шудаанд ва як писари 14-сола ҷароҳат бардоштааст. Дар ҳамла ба вилояти ноороми Хӯст, 38 ҷангҷӯи Толиб низ ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти вазорати умури дохилаи Афғонистон ва НАТО ин хабарро таъйид накардаанд, вале мегӯянд, дар пайи таҳқиқи онанд.
XS
SM
MD
LG