Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти меваҳои хушки Тоҷикистон дар Русия қатъ шуд


Русия маҳдудияти воридоти меваҳои хушки Тоҷикистонро аз миён бармедорад. Дар ин бора Геннадий Онишенко-сардори раёсати беҳдошти Русия ба хабаргузории Интерфакс иттилоъ додааст. Ба гуфтаи вай, ин маҳдудият аз 17-ӯми июн аз миён хоҳад рафт. Дар оғози моҳи май "Роспотребнадзор"-и Русия ба сарпарастии Геннадий Онишенко маҳдудияти воридоти меваҳои хушки Тоҷикистонро ҷорӣ карда буд ва мегуфт, ки бо ин меваҳо ангезандаҳои бемории полиомелит ё фалаҷи кӯдакон аз Тоҷикистон ба Русия сироят мекунад. Ва ҳоло Онишенко бар ин ақида аст, ки бо ҷорӣ кардани ин маҳдудият дар давоми якуним моҳ аз сирояти ин беморӣ дар Русия ҷилавгирӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG