Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори қурбониёни ошӯбҳои Ӯш


Мақомоти беҳдоштии Қирғизистон мегӯянд, шумори қурбониёни даргириҳои ахир дар Ҷануби Қирғизистон болиғ аз 50 нафар шуда, бар асари муноқишаҳои миёни ҷавонони қирғизу узбак дар шаҳри Ӯш, ки ба задухӯрд бо нирӯҳои амниятӣ печид, беш аз 660 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Рӯзи шанбе чандин гурӯҳ ба намояндагӣ аз ақвоми мухталиф талош карданд, издиҳомҳои шӯрида дар бахшҳои гуногуни шаҳри Ӯшро ором кунанд. Темур Қамчибеков, муовини шаҳрдори Ӯш дар маҳалли ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, бархе иғворгарони ниқоби низомӣ бар рӯ алайҳи намояндагони ҳарду қавм тир кушода, талош доранд, оташи адовати қавмиро дар ин минтақа алангаи бештар диҳанд. Хабаргузории қирғизии АКИ-Пресс дар ҳамин ҳол дар бораи даргириҳо дар чандин шаҳри дигар низ хабар додааст. The Human Rights Watch, як созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар аз ҷомиаи байналмилалӣ даъват кардааст, ба мақомоти Қирғизистон дар роҳи таҳти назорат овардани вазъ кӯмак расонад.
XS
SM
MD
LG