Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дуввуми Ҷиргаи сулҳи Афғонистон


Имрӯз дар Кобул Ҷиргаи сулҳи Афғонистон бо ширкати ҳудуди 1600 намоянда аз саросари ин кишвари ҷангзада ба рӯзи дуввуми кораш оғоз мекунад. Ҳадаф аз ин ҳамоиш пайдо кардани роҳи ҳалли низоъ бо Толибон ва гурӯҳҳои дигари чирикист. Дар рӯзи аввали кори Ҷиргаи сулҳ се ҷангии толиб бурқаъи занона дар тан аз саддҳои амниятӣ убур карда ва талош карданд, ки кори Ҷиргаро тахриб кунанд. Бино ба хабарҳо, ду тан аз ҳамлагарон кушта ва якеи дигар асир уфтодааст.
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дирӯз дар Ҷирга аз Толибон даъват кард, ба ҷанг хотима дода, ба эъмори муҷаддади кишвар мусоидат кунанд. Аммо Толибон аз ширкат дар ин ҳамоиш даст кашидаанд.
XS
SM
MD
LG