Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен:"Толибон қавитар аз интизори мо шудаанд"


Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен гуфт, Толибон “феълан хеле қавитар аз интизороти мо” шудаанд. Расмуссен аммо дар мусоҳибааш бо радиои Канада тааҳҳуд супурд, ки эътилофи байналмилалӣ имсол дар Афғонистон ҳатман даст ба пешрафт хоҳад ёфт. Ӯ бо ишора ба афзоиши нирӯҳои хориҷӣ ва пешрафтҳои сиёсӣ дар Афғонистон соли ҷориро соли муҳим номид ва гуфт, НАТО метавонад масъулияти таъмини Ҷиргаи сулҳро, ки рӯзи 2 июн дар Кобул оғоз ба кор мекунад, бар ӯҳда бигирад. Паймони низомии НАТО фармондеҳиии нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистонро бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG