Михаил Ходорковский-ғули иқтисодии Русия, ки ҳоло дар зиндон ба сар мебарад, барои ҷалби таваҷҷуҳ ба суханонаш даст ба гуруснанишинӣ задааст. Дар як номаи боз ба нишонии раиси Додгоҳи Олии Русия, ки имрӯз ба нашр расидааст, Ходорковский додгоҳи Русияро муттаҳам кардааст, ки аз тағироти ахир дар қонуни Русия дар бораи лағви боздошти қабл аз мурофиаи додгоҳӣ сарфи назар мекунад. Вай гуфтааст, ба гуруснанишнӣ то даме идома медиҳад, ки Дмитрий Медведев аз чунин рафтори додгоҳ огаҳӣ ёбад. Тағироти мазкур дар қонун ба ибтикори Медведев ворид шуда буд. Ходорковский аз соли 2003 барои пардохт накардани молиёт дар зиндон қарор дорад ва ҷонибдорони вай мегӯянд, ки ҳабси вай ангезаи сиёсӣ дорад.