Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё дар интизори натоиҷи музокироти аҳзоб


Натиҷаи музокирот дар бораи ташкили эътилофи ҳукмрон дар парлумони Бритониё шояд имрӯз маълум шавад. Дар ин бора раҳбарони Ҳизби либерал-демократӣ ба Би-Би-Си хабар доданд. Демократҳои либерал, ки дар интихоботи ахири парлумонӣ мақоми саввумро соҳиб шуданд, айни ҳол бо ду ҳизби бузурги кишвар – ҳизби консервативӣ ё муҳофизакорон ва ҳизби лейбористӣ ё кор дар бораи таъсиси эътилофи ҳукмрон гуфтушунид мекунад. Дар интихоботи парлумонӣ ягон ҳизб ба дарёфти 326 курсӣ ва ба ин васила мустақилона ташкил кардани ҳукумат муваффақ нашуд.
Дирӯз сарвазири феълӣ Гордон Браун изҳор намуд, ки моҳи сентябр мақоми раиси ҳизби корро тарк мегӯяд. Ин гоми Браун метавонад роҳро барои созиши ҳизб бо ҳизби либерал-демократӣ ҳамвор созад.
XS
SM
MD
LG