Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як саду даҳ кило мусодира, як корманд захмин


Як корманди Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар натиҷаи амалиёти ин Оҷонсӣ бар зидди қочоқбарон захм бардоштааст. Дар ин амалиёт мақомоти Тоҷикистон 110 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд.

Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз ин миён беш аз 61 кило афюн, зиёда аз 26 кило ҳероин ва қариб 22 кило чарси афғонӣ мусодира шудааст.

Дар ҷараёни ин амалиёт дар роҳи автомобилгард дар Кӯлоб аз даруни «Нексия»-и сокини 31-солаи шаҳри Кӯлоб қариб 62 кило афён ва беш аз 2 кило ҳероин дарёфт шудааст. Дар ҷараёни боздошт ронандаи «Нексия» муқовимат нишон дода, як корманди Оҷонсиро захмӣ кардааст.

Оҷонсии мазкур хабар медиҳад, ки ҳамчунин дар рӯзҳои аввали моҳи май дар шаҳри Душанбе аз фаъолияти як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки миқдори махсусан калони ҳероини тавлиди Афғонистонро аз тариқи Тоҷикистон интиқол медодаанд, ҷилавгирӣ кардаанд. Аз «Ландкрузер-прадо»-и ин гурӯҳ 25 бастаи маводи мухаддир, вазни ҳар кадом қариб як кило ёфтаанд. Аз ин миқдор маводи мухаддир қариб як миллион адад меъёри истеъмол барои нашъамандон омода мешудааст.

Аз як ҳамчунин гурӯҳи дигари қочоқбар дар Душанбе беш аз 21 кило ҳашиш мусодира кардаанд.

Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар қиболи афроди боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин оҷонсӣ мегӯяд, арзиши умумии маводи мусодирашуда дар Тоҷикистон беш аз 100.000 доллар, дар Русия қариб 500.000 доллар ва дар Аврупо зиёда аз як миллион долларро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG