Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишнома миёни Тоҷикистону Покистон


Вазоратҳои умури дохили Тоҷикистону Покистон бо имзои созишномае аҳд додаанд, ки дар амри мубориза бо терроризм, ифротгароии мазҳабӣ, ҷинояткории созмонёфта ҳамкорӣ хоҳанд кард. Созишномаи мазкурро ҳафтаи гузашта Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Раҳмон Малик, ҳамтои покистонии худ дар шаҳри Душанбе ба имзо расониданд. Хабаргузории расмии “Ховар” мегӯяд, бар асоси созишнома ду тараф, дар робита ба афроди муттаҳам ва мавриди таъқиби мақомоти интизомӣ табодули иттилоъ хоҳанд кард. Раҳмон Малик, вазири умури дохилаи Покистон дар Душанбе гуфт, баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, дар канори Толибону Ал-Қоида ба зидди нерӯҳои Покистон меҷанганд.
XS
SM
MD
LG