Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санади ниҳоии марзӣ бо Чин имзо шуд


Бино ба хабарҳо, Чину Тоҷикистон раванди аломатгузории марзи муштараки худро анҷом додаанд. Матбуоти Чин менависад, протокол дар бораи аломатгузории марзи Тоҷикистону Чин дирӯз дар Пекин аз ҷониби вузарои хориҷаи ин ду кишвар Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Ян Тзечӣ имзо шудааст. Пекин гуфтааст, имзои ин санад ба масъалаи аз таърих боқимондаи марзӣ миёни Чину Тоҷикистон нуқтаи таммат мегузорад.
Баҳси марзӣ бо Чин ҳанӯз аз аҳди Шӯравӣ идома дошт. Дар соли 2002 Душанбе розӣ шуд, як бахши умдаи сарзаминҳои баҳсӣ дар марзи вилояти Бадахшон бо Чинро ба Пекин вогузор кунад.
XS
SM
MD
LG