Пайвандҳои дастрасӣ

Чин дигар монеъи сафари ҳомилони ВИЧ намешавад


Чин дастури 20 соли пешашро, ки вуруди афроди гирифтор ба ВИЧ ва СПИД-ро ба ин кишвар манъ мекард, лағв кард. Қаблан Амрикову Кореяи ҷанубӣ низ маҳдудиятҳои мавҷуда барои сафари мубталоён ба ВИЧ-ро лағв карданд.

Тасмими Чин дар остонаи ифтитоҳи Намоишгоҳи Шанхай, ки интизор меравад, миллионҳо меҳмони хориҷиро бипазирад, эълон шуд. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун бо истиқбол аз иқдоми Чин аз кишварҳои дигар низ даъват кард, маҳдудиятҳои мавҷуда дар қиболи беморони ВИЧ-ро ҳарчӣ зудтар аз байн бардоранд.

Дар бист соли ахир 2009 нафар дар Тоҷикистон ҳангоми ташхиси мавҷуд будан ё набудани ангезандаи ВИЧ-СПИД дар хунашон посухи мусбат шунидаанд. Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ аз густариши СПИД дар Тоҷикистон мегӯяд, 1595 нафар аз гирифторони расмии СПИД мард будаанд ва 414 нафарашон зан.

Аксари кулли гирифторони ин маризӣ аз 15 то 49 сол доштаанд. Беш аз нисфи ин гирифторон тариқи сузандору мубтало шудаанд, қариб 30 дарсадашон аз роҳи алоқаи ҷинсӣ гирифтори ВИЧ шудаанд.




Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG