Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев шарти аслии истеъфояшро эълон кард


Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев гуфт, дар сурати тазмини амнияташ истеъфо хоҳад дод. Боқиев дар як нишасти хабарӣ дар зодгоҳаш – рустои Тейити вилояти Ҷалолобод гуфт, “агар амнияти ӯву пайвандонашро тазмин диҳанд, канор хоҳад рафт.” Боқиев ҳамчунин раҳбари ҳукумати худхондаи муваққат Роза Отунбоеваро барои музокирот ба пеши худ даъват кард ва афзуд, агар Отунбоева ҷиҳати истифодаи нирӯ барои боздошти ӯ иқдом кунад, ноком хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати муваққат ба Боқиев то поёни рӯз фурсат додааст, ки худро таслим кунад. Азимбек Бекназаров, муовини раиси маъмурияти нави Қирғизистон гуфт: “Алайҳи раисиҷумҳури собиқ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Агар ӯ имрӯз баъди раҳпаймоӣ ба инҷо ҳозир нашавад, мо тавассути нирӯҳои вижа ҷиҳати боздошташ иқдом хоҳем кард. Чуни мо шоми дирӯз ҳаққи масунияти ӯро лағв кардем ва мақомот акнун ҳаққ доранд, ки ӯро дастгир кунанд.”
Қурмонбек Боқиев ба дунболи ошӯбҳои хунини рӯзи 7 апрел, ки беш аз 80 кушта ба ҷо гузошт, пойтахт, шаҳри Бишкекро ба қасди зодгоҳаш – Ҷалолобод тарк кард.
XS
SM
MD
LG