Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи таркишҳо дар Бағдод 2 нафарро кушт


Мақомоти Ироқ мегӯянд, силсилаи инфиҷорҳо дар пойтахт, шаҳри Бағдод, дасти кам ду нафарро кушт. Инфиҷорҳо дар назди биноҳои истиқоматӣ дар чанд маҳалли шаҳр ба вуқӯъ пайвастаанд. Ду рӯз пештар аз ин, дар бомбгузориҳои интиҳорӣ дар назди сафоратҳои хориҷӣ дар шаҳри Бағдод, 40 нафарро кушт ва 200 тани дигарро маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти расмии Ироқ аз хатари эҳтимолии хушунатҳо ҳушдор додаанд, аз он хотир ки танишҳо бар сари интихоботи порлумонии рӯзи 7 март афзоиш ёфтаанд. Дар интихобот ҳеҷ яке аз аҳзоб пирӯзии комил ба даст наовард.
XS
SM
MD
LG