Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хариди саҳмияҳои "Роғун" ба 173 миллион доллар расид


Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки то 1-ӯми марти соли ҷорӣ ба маблағи 173 миллион доллар саҳмияҳои Роғун ба фурӯш рафтааст. Бино ба хабари "Азия Плюс", дар фурӯши ин саҳмияҳо "Амонатбонк", "Ориёнбонк", "Агроинвестбонк", "Тажпромбонк" ва бонкҳои дигари Тоҷикистон саҳм гирифтаанд. Фурӯши саҳмияҳои ниругоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон 6-ӯми январ шурӯъ шуда буд. Ҳоло хариди ин саҳмияҳо аз тарафи шахсони алоҳида ва корхонаҳои кишвар идома дорад.
XS
SM
MD
LG