Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дубай нахуствазири Исроилро боздошт карданист


Раиси пулиси Дубай гуфтааст, вай мехоҳад Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил ва раиси хадамоти кашфи ин кишварро дар робита бо куштори раҳбари гурӯҳи Ҳамос дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт кунад. Бино ба иттилои телевизиони Ал Ҷазира, раиси пулиси Дубай гуфтааст, вай тақрибан бовар дорад, ки баъзе агентҳои исроилӣ дар куштори Маҳмуд ал- Мабҳуҳ дар моҳи январи соли ҷорӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои Дубай даст доштаанд. Вай гуфт, дар сурати таъйиди ин хабарҳо бояд Миер Даган-раиси хадамоти кашфи Исроил боздошт шавад.
XS
SM
MD
LG