Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Радован Караҷичро аз сар гирифтанд


Муҳокимаи Радован Караҷич – раҳбари собиқи сербҳои боснӣ, ки ба наслкушӣ муттаҳам мешавад, имрӯз дар додгоҳи байналмилалии шаҳри Гаагаи Ҳоланд аз сар гирифта шуд. Караҷич, ки додгоҳро таҳрим карда буд, имрӯз дар он ҳозир шуд ва стротежии дифоъи худро муаррифӣ кард. Ӯро бо 11 банд, аз ҷумла наслкушӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият дар низоъи солҳои 1995 то 1995 дар Босния муттаҳам мекунанд. Додситонҳои Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ барои Югославияи собиқ мегӯянд, Радован Караҷичи 64-сола, корзори маҳви ҷомеаҳои мусулмон ва хорват дар шарқи Боснияро раҳандозӣ кардаанд, то як кишвари комилан сербнишин таъсис диҳад. Дар сурати таъйиди ин иттиҳом ба Радован Караҷич ҳабси абад таҳдид мекунад. Раҳбари собиқи сербҳои босниро соли 2008 баъди 13 соли фирор дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG