Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад


Рӯзи якшанбеи 28-уми феврал дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. 144 номзад дар 41 ҳавзаи инфиродӣ барномаҳои худро ба таваҷҷӯҳи интихобкунандагон пешкаш карданд ва ҳамчунин 22 номзади дигар дар ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ аз рӯи феҳрастҳои ҳизбӣ баргузида хоҳанд шуд. Маъракаи таблиғотӣ дар ин интихобот нимашаби ҷумъа ба поён расид ва "шабонарӯзи сукут" эълон шудааст, ки дар ҷараёни он ҳама гуна таблиғу ташвиқ манъ аст, то ки интихобкунандагон то субҳи якшанбе дар фазои ором тасмими ниҳоии худро бигиранд. Натиҷаҳои раъдиҳӣ аз тарафи Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон эълон хоҳад шуд, аммо созмонҳои ғайридавлатӣ низоми "экзит-пол", яъне назарсанҷии пас аз раъйдиҳиро ба роҳ мондаанд, ки натиҷаҳои он зудтар, шояд дар шоми якшанбе эълон шаванд. Дар интихоботи гузашта, номзадҳои Ҳизби халқӣ-демократӣ бартарӣ доштанд ва аз 63 курсӣ дар ҳайати пешинаи порлумон 52 курсиро ишғол карданд. Ҳизби коммунист дар порлумон 4 ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 2 вакил доштанд.
XS
SM
MD
LG