Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Италия шабакаи тамрини ҲКК-ро барҳам заданист


Пулиси Италия мегӯяд, ки дар шаҳри Венетсия дастури боздошти 11 нафар ҷонибдорони Ҳизби Коргарии Курдистони Туркияро содир кардааст. Ба гуфтаи пулис, ҳадаф аз чунин кор барҳам задани шабакаи тамрин ва сафарбарии курдҳо барои Ҳизби Коргарии Курдистони Туркия будааст. Дар як эъломия гуфта мешавад, ки дастури 10 шаҳрванди Туркия ва як шаҳрванди Италия содир шудааст. Онҳо барои иртибот бо терроризми байналмиллалӣ муттаҳам дониста мешаванд. Полис мегӯяд, ҳамзамон як кумиссиюни Фаронса расидагӣ анҷом медиҳанд, ки ба он пулиси Олмону Белгия ва Голландия дохил мешаванд. Рӯзи сешанбе пулиси Голландия гуфт, ки яке аз раҳбарони машкуки Ҳизби Коргарии Курдистонро бо номи Ҳасан Адир боздошт кардааст. Вай ҳангоми сафар аз Голландия ба Олмон дар роҳ бо ду нафари дигар боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG