Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазо барои фурӯши силоҳҳои ноқис ба Қазоқистон


Додгоҳи Қазоқистон имрӯз як мақоми вазорати дифоъ ва як шаҳрванди Исроилро бо гуноҳи муомилаи ғайриқонунии аслиҳа бо арзиши 190 миллион доллар ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳи низомии Қазоқистон Борис Шенкман шаҳрванди Исроилро барои тақаллуби молӣ ва ришваситонӣ ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро моҳи апрели соли гузашта ҳамроҳ бо як мақоми вазорати дифоъи Қирғизистон боздошт карданд. Ҳарду нафарро ба муомилаи фурӯши силоҳҳои ноқис ба Қазоқистон муттаҳам мешуданд. Қозимурод Майирманов – муовини вазири дифоъи Қазоқистон низ бо гуноҳи сӯистифода аз мақом ва фасодкорӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст. Сафорати Исроил дар Остона ҳанӯз дар мавриди қазия вокунише нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG