Бино ба изҳороти Гейтс, феълан дар Аврупо раванди ғайринизомишавй идома дорад ва он ба таҳкими сулҳу амнияти саросарӣ мусоидат намекунад.
Вай афзуд, “ғайринизомй шудани Аврупо, ки кисмати аъзами ҷомеъа ва сиёсатмадорон ба нерӯи низомй ва хатарҳои марбут ба он нафрат доранд, барои қарни 20 хеле хуб буд ва аммо дар қарни 21 он дар роҳи амнияти воқеӣ ва сулҳи устувор монеа мебошад”.
Зимни суханронй дар назди афсарони кишварҳои узви НАТО дар Вошингтон вазири дифои Амрико иқрор намуд, ки Паймони Атлантикаи Шимолӣ бо мушкилоти бисёр ҷиддӣ ва дарозмуддат мувоҷеҳ шудааст.
Дар ин паёми тунд ба ҳампаймонон Гейтс ҳамчунин гуфт, ки касри буҷаи НАТО шаҳодати мушкилиҳои амиқи паймон аст. Вай афзуд, норасоии чархболҳо ва ҳавопаймоҳои боркаш барои нерӯҳои НАТО дар амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон намунаи он аст, ки чи тавр мизони пасти сармоягузориҳо ба бахши дифоъ расидан ба ҳадафҳо дар Афғонистонро мушкил месозад.
Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен, ки низ дар ин нишаст ҳузур дошт, гуфт, “интиқоли нерӯҳо ба Афғонистон бояд кӯшиши дастаҷамъӣ бошад, на пур кардани холигиҳо дар артиши байналмилалӣ”.
Ин суханони дабири кулли паймон дар ҳоле садо дод, ки мақомоти НАТО тарҳи дидгоҳи нави стратегии паймонро омода мекунанд. Матни ниҳоии ин санад бояд то охирҳои соли равон омода шавад.
Вазири дифои Амрико ҳадс зад, ки эҳсоси заъфи Аврупо метавонад кишварҳои душмансириштро барои ҳамла алайҳи ин қора ангезиш диҳад. Ӯ ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки сол тоза оғоз шудааст ва аммо касри буҷаи НАТО аллакай садҳо миллион евроро ташкил додааст. Сабаби аслии ин, ба гуфтаи вазири дифои Амрико, сари вақт пардохт нашудани маблағи зарурӣ ба буҷаи НАТО аз сӯи кишварҳои узв аст.