Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Асал"-и Туркия "Хирси Тиллоӣ"-и Берлинро гирифт


Филми туркии “Асал” ҷоизаи аслии ҷашнвораи Берлин "Хирси Тиллоӣ"-ро аз они худ кард. Ин филм достони як як писарбачаест, ки барои барои пайдо кардани падари занбӯрпарвараш худро ба ҷангал меандозад. Офаридаи коргардонҳои Руминия, ки драмае дар дохили зиндон аст, ҷоизаи дуввуми ҷашнвораро соҳиб шуд. Роман Поланскӣ - коргардони маъруф, ки дар ҳабси хонагӣ дар Швейтсария ба сар мебарад, барои филми ҳаяҷонбарангези «Нависандаи пасипардагӣ” ҷоизаи беҳтарин коргардонро сазовор шуд. Филми русии “Тобистони имсолаи ман” ба Русия ду ҷоиза мебарад, яке барои иҷрои нақш ва дигарӣ барои офарандагии барҷаста.
XS
SM
MD
LG