Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси горди вижаи "Аристон" дар Қирғизистон


Дар Қирғизистон таҳти назари Ҷониш Боқиев, бародари хурдии раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев, як воҳиди вижаи низомӣ таъсис ёфт. Ба ин воҳид “Аристон”, яъне “Шер” ном додаанд. Ҷониш Боқиев феълан раҳбарии хадамоти амнияти давлатии Қирғизистонро бар ӯҳда дорад.
Таъсиси воҳиди ҷадиди низомӣ дар пасманзари ислоҳоти Қонуни Асосии Қирғизистон, ки Қурмонбек Боқиев пешниҳод кардааст, сурат мегирад. Яке аз ин пешниҳодҳо барҳам додани Горди Милии иборат аз 2000 сарбоз ва ба Хадамоти амнияти давлатӣ супурдани салоҳиятҳои ин Гордро дар назар дошт.
XS
SM
MD
LG