Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил Русияро ба таҳрими зидди Эрон ташвиқ мекунад


Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил гуфтааст, вай дар ҷараёни боздидаш аз Русия талош хоҳад кард, ки барои ҷорӣ кардани таҳримҳои зидди Эрон фишор хоҳад овард. Вай имрӯз дар остонаи боздиди серӯзааш қабл аз парвоз ба Маскав ин нуктаро изҳор дошт. Нетаняҳу дар ҷараёни ин боздид бо раҳбарони Русия дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард. Боздиди нахуствазири Исроил аз Русия дар ҳоле анҷом мегирад, ки чанд рӯз пеш Эрон дар бораи оғози амалиёти ғанисозии урани худ то сатҳи 20 дарсад эъломияе пахш кард. Ин эъломия бад-он маъност, ки дар сурати ғанисозии бештар Эрон дар оянда метавонад аслиҳаи ҳастаӣ эҷод кунад. Теҳрон ин иддаоро рад мекунад. Русия ба ҷорӣ кардани таҳрим мухолифат кардааст, вале як мақоми баландпояи Русия ғанисозии урани Эронро шубҳаовар арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG