Ҳукумати Испания эълом дошт, ки ба Афғонистон 500 афсару сарбози дигар мефиристад. Ба ин нерӯҳо се дастаи афсарони тамрингар барои артиши Афғонистон ва 40 корманди нерӯҳои вижаи полис ҳам шомиланд.
Тасмим дар бораи тақвияти ҳузури нерӯҳои Испания дар Афғонистон бояд аз сӯи парлумони кишвар тасвиб шавад. Айни ҳол дар Афғонистон ҳазор афсару сарбози испанӣ мустақаранд.