Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносоии 20 ҷасади толиби сармозада


Нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон дар кӯҳистони вилояти шимолии Бағлон ҷасади 20 мусаллаҳи толибро ошкор карданд, ки бар асари сармо ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи Лаъл Муҳаммад Аҳмадзай, сухангӯи полиси вилоят, ҷасадҳои ин афрод дар як ғор пайдо шуданд.
Мақомоти Афғонистон роҳ аз тариқи гарданаи Солангро дубора боз карданд. Дар ин гардана ҳафтаи гузашта бар асари тарма 170 нафар ба ҳалокат расида буданд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҷо дар маҷмӯъ 36 бор тарма фуромад ва сетои онҳо хисороти бузург дар пай дошт.
XS
SM
MD
LG