Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти техникии мошинҳои Toyota


Ширкати мошинсозии Toyota тақрибан ним миллион мошинҳои пайвандии худ, аз ҷумла навъи Prius-ро аз фурӯш боздошт, то нуқси техникӣ дар тормозҳои онҳоро бартараф кунад. Акио Тайода-раиси ин ширкат дар Токио дар ин бора изҳорот дод.

"Ҳамаи мо дар ҳамкории наздик бо тоҷирон ва таъминкунандагон бо ин мушкил мубориза мекунем. Мо якҷо ҳамаи имконоти мавҷударо истифода мебарем, то дубора муштариёни мо худро роҳат эҳсос кунанд".

Toyota-бузургтарин ширкати мошинсозии ҷаҳон ҳоло зери танқид қарор гирифтааст, зеро дар гузашта низ ин ширкат ду дафъа 8 миллион мошинашро барои мушкилӣ дар педали газ ва мушкили қолинҳои дохили мошин аз фурӯш бозхонда буд.
XS
SM
MD
LG