Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эрон бо содироти ураниумаш мушкил надорад"


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, Эрон ҷиҳати ба хотири ғанисозии бештар ба хориҷ фиристодани ураниуми каме ғанишудааш омода аст. Аҳмадинажод дирӯз дар мусоҳиба бо симои давлатӣ гуфт, ки Эрон мушкиле бо ирсоли ураниумаш ба Ғарб надорад.
Ин як талаби аслии роҳкорест, ки Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ ба хотири рафъи нигарониҳо дар бораи табиати низомӣ доштан ё надоштани барномаҳои ҳастаии Эрон таҳия карда буд. Мақомоти Эрон аммо тайи чандин моҳ пешниҳоди дар хориҷ анҷом додани ғанисозии бештари ураниуми лозим барои фаъолияти корхонаҳои ҳастаии ин кишварро танқид мекарданд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз гуфт, Маскав аз тасмими Теҳрон ҷиҳати пазируфтани ин роҳкор истиқбол хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG