Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон дар меҳвари баррасиҳои нишасти Лондон


Раҳбарони давлатҳои аслии ҷаҳон дар Лондон ояндаи Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Президент Ҳомиди Карзай гуфт, ки Афғонистон бояд “бародарони раҳгумзада”-ро, ки узви гурӯҳҳои террористӣ нестанд, ба хотири барқарории сулҳу субот ба ҷараёнҳои барқарорсозӣ ҷалб кунад. Вай гуфт, ки ният дорад як шӯрои ришсафедон, мавсум ба Лоя Ҷиргаро даъват карда ҷангиёнро ба хотири маҳкум кардани хушунат ва ҳамроҳшавӣ ва ҷараёнҳои сиёсии кишвараш даъват кунад. Вай гуфт:

“Мо бояд ҳама ҳамватанонамон, ба вижа он бародаронеро, ки гумроҳ шудаанду бахше аз Ал-Қоида ва ё дигар гурӯҳҳои террористӣ нестанд, даъват кунем, то ки Қонуни Асосии Афғонистонро бипазиранд”.

Зимни суханрониаш дар конфронси Лондон, ки ба масоили Афғонистон ихтисос ёфтааст, Карзай аз шоҳи Саъудӣ Абдуллоҳ даъват кард, ки дар сулҳи кишвараш нақши фаъол бибозад. Вай инчунин аз ҳамсояҳои Афғонистон, ба шумули Покистон даъват кард, ки талошҳои сулҳро дар ин кишвар пуштибонӣ кунанд.
Дар ҳамин нишаст нахуствазири Бритониё Гордон Браун барномаи мусолеҳаи миллии Афғонистонро, ки Карзай пешниҳод кард, пуштибонӣ намуд. Ин барнома бештар барои эҷоди ҷойҳои корӣ ва пуштибонии иқтисодии Толибони мӯътадил, хатми хушунату ошӯбҳо равона шудааст. Браун изҳори умедворӣ кард, ки нирӯҳои байналмилалӣ хоҳанд тавонист то охири соли ҷорӣ масъулияти назорат аз вазъи амниятии ин кишварро ба дӯши нирӯҳои миллии Афғонистон вогузор кунанд. Дар конфронси бахшида ба масоили Афғонистон дар пойтахти Бритониё намояндаҳои ҳудудан 70 давлати ҷаҳон, аз ҷумла вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG