Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Келин" номзад ба Оскар шудааст


Филми “Келин” , маҳсули ҳунари коргардони қазоқ Эрмек Турсунов дар радифи 9 филми дигар дар ҷумлаи ҷӯяндагони ҷоизаи имсолаи Оскар барои беҳтарин филми хориҷӣ омадааст. Филми “Келин” барои даст ёфтан ба ин мӯътабартарин ҷоизаи синамои ҷаҳонӣ аз ҷумла бо филмҳои “Лентаи сафед” аз Олмон ва “El Secreto " аз Аргентина вориди мубориза хоҳад шуд. Ибтидо барои дарёфти Оскар 65 филми хориҷӣ сабқат мекард, вале дар феҳрасти севвум ва ниҳоӣ исми танҳо 5 филм хоҳад монд, ки аз он якеаш барандаи ҷоиза хоҳад шуд. Исми барандагони ҷоизаҳои имсолаи Оскар рӯзи 7 март дар Ҳолливуд эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG