Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори собиқи қазоқ дар Туркия боздошт шуд


Раҳбари собиқи ожонси мубориза бо маводи мухаддири Қазоқистон Аскар Исогалиев, ки ба сӯъиистифода аз мақом муттаҳам мешуд, дар Туркия боздошт шудааст.
Сухангӯи вазорати умури дохилии Қазоқистон Куанишбек Ҷуманов гуфт, Исогалиевро ҳанӯз рӯзи 9 январ дар шаҳри Анталия дастгир кардаанд. Ҷуманов ҳамчунин хабар дод, ки феълан масъалаи истирдоди мансабдори собиқ аз Туркия ба Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор дорад. Аскар Исогалиев, ки аз моҳи августи соли 2008 то феврали 2009 раҳбари Ожонси мубориза алайҳи маводи мухаддири Қазоқистон буд, аз моҳи октябр таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG