Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз қисми аввал. "Вахш" 0:1 "Боку"


Пас аз қисми аввали бозӣ миёни «Вахш» ва «Боку» дар сабқати Ҷоми Иттиҳод дар Маскав ҳисоб як бар сифр ба нафъи қаҳрамони Озарбойҷон аст.

Голро дар дақиқаи 40-уми бозӣ фарангии «Боку» Фабио задааст. Пас аз зарбаи Гулиев тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд ва онро Фабио соҳиб шуда, голи нахустин дар сабқати имсолаи Ҷоми Иттиҳодро зад.

«Вахш» дар қисми аввал бо чунин ҳайъат бозӣ кард: Юлдошев, Сабуров, Неъматов, Нуруллоев, Фатҳуллоев, Хоҷаев, Сувонқулов, Содиқов, Усмонов, Ҳакимов, Рабиев.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ, ки ҳамзамон дар МВ «Олимпийский» миёни дастаҳои «Оқтеппа»-и Қазоқистон ва «ХИК»-и Финландия ҷараён дорад, феълан ҳисоб боз нашудааст.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи аввал ба даври чаҳорниҳоӣ роҳхат мегирад.

Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Вахш», ба сабқати Маскав бар иловаи футболбозони худӣ – дарвозабон Фарҳод Юлдошев, ҳимоятгарон Субҳон Хоҷамов, Алексей Неъматов, Меҳроб Заҳурбеков, Акмал Сабуров, нимҳимоятгарон Рустам Хоҷаев, Камолҷон Ортиқов, Анвар Норқулов, Абдуқаюм Қарабоев, Маҳмадалӣ Содиқов, ҳамлагарон Нӯъмонҷон Ҳакимов, Рустам Усмонов, Ҷомихон Муҳиддинов, Фозил Сатторов, инчунин, бозигарони даъватшуда – ҳамлагар Юсуф Рабиев, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳимоятгар Соҳиб Сувонқулов ( ҳарсе аз тими «Истиқлол»-и Душанбе), ҳимоятгар Асадулло Нуруллоев («Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров), нимҳимоятгар Баҳодур Шарифов («Хуҷанд»-и Хуҷанд), дарвозабон Алишер Тӯйчиев («Металлург»-и Бекободи Узбакистон) ва ду футболбози африқоӣ - ҳимоятгар Даниэл Тего ва ҳамлагар Дэвид Тетте ( аз кишвари Гана, ки порсол узви дастаи «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон буданд),-ро бурдааст.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «B»:

16 –уми январ (шанбе)
Манежи "Динамо": "Вахш" –«Боку» .13.00.
МВ "Олимпийский": «Оқтеппа» - ХИК. 13.00.

17-уми январ (якшанбе)
Манежи "Динамо": «Оқтеппа»–"Вахш".13.00.
МВ "Олимпийский": «Боку» – ХИК. 13.00.

19 –уми январ (сешанбе)
Манежи "Динамо": ХИК–"Вахш".13.00.
МВ "Олимпийский": «Оқтеппа» – «Боку». 13.00.

20-уми январ (чоршанбе)
МВ "Олимпийский. 1/4 финал
Ғолиби гурӯҳи "Д" –ҷои 2-юми гурӯҳи "С". 13.00.
Ғолиби гурӯҳи "В" – ҷои 2-юми гурӯҳи "А". 15.00.
Ғолиби гурӯҳи "С" – ҷои 2-юми гурӯҳи "Д". 17.00.
Ғолиби гурӯҳи "А" – ҷои 2-юми гурӯҳи "В". 19.00.

22-юми январ (ҷумъа)
МВ "Олимпийский"
Бозии аввали нимфиналӣ.16.00.
Бозии дуюми нимфиналӣ.19.00.

24 -уми январ (якшанбе)
МВ "Олимпийский"
ФИНАЛ. 15.00.
XS
SM
MD
LG